Дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ имом-хатибон тасмим гирифтанд, ки харҷҳои "беҳуда" ва оростани дастархонҳои бодабдабаро дар маросимҳои динӣ манъ кунанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи имом-хатибон, ҳадафи иқдоми мазкур поён бахшидан ба исрофкориҳоест, ки мухолифи қонунҳои шариати Исломанд. Рӯҳониёни қазоқ гуфтаанд, бо ин роҳ мехоҳанд, кори шахсонеро ҳам осон кунанд, ки наздикони худро аз даст додаанд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин додани ашёи гаронарзиш, аз ҷумла либос ва қолин низ ба шахсоне, ки дар маросими ба хоксупорӣ иштирок кардаанд, манъ ва назорати иҷрои ин қарор ба зиммаи руҳониён ва имомони шаҳру вилоят ва навоҳӣ вогузор шудааст.

Қобили зикр аст, ки тобистони соли гузашта дар қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон доир ба ин масъала тағйироти назаррас ворид гардида, дар тамоми маъракаҳои таъзияву азодорӣ додани таом ва забҳи чорво манъ шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.