Дар ҷараёни сафари расмии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба ИМА байни кишварҳо беш аз 20 санади марбут ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ ва сармоягузорӣ имзо шудааст, ки маблағи умумии онҳо ҳудуди 7 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба дастгоҳи президенти Қазоқистон, президенти ИМА Доналд Трамп ҳамтои қазоқашро дар Кохи сафед ба ҳузур пазируфта, Нурсултон Назарбоев ҳамчунин бо намояндагони доираҳои соҳибкории ИМА мулоқот кард.

Гуфта мешавад, санадҳои имзошуда ба иҷрои тарҳҳо дар бахши пажуҳишҳои авиатсиониву кайҳоннавардӣ, саноати кимиёиву кишоварзӣ ва рушди зербиноӣ марбутанд.

Назарбоев ҳангоми суханронӣ дар назди иштирокдорони мизи мудаввар ба хусусияти стратегӣ доштани равобити Қазоқистону ИМА ишора карда, гуфтааст, "Амрико аз нигоҳи ҳаҷми сармоягузориҳои бевоситаи худ ба иқтисоди Қазоқистон мақоми дувумро касб мекунад".

Ба гуфтаи ӯ, тайи солҳои истиқлол ширкатҳои амрикоӣ ба иқтисоди Қазоқистон беш аз 50 миллиард доллар сармоягузорӣ карда, ҳоло дар ин кишвар бо сармояи ИМА зиёда аз 500 ширкат фаъолият доранд.