Дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона санаи 15 март мулоқоти кории кории сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ доир мегардад.

Дар ин бора котиби матбуотии президенти Қазоқистон Айдос Укибай дар саҳифаи расмии Акорди дар Facebook зимни зикри ҷадвали кории Нурсултон Назарбоев ба рӯзҳои наздик хабар додааст.

Дар маълумот қайд мешавад, ки дар робита ба чорабиниҳои қаблан пешбинишуда дар сатҳи олӣ, Туркманистонро дар вохӯрӣ раиси Маҷлис хонум Акҷа Нурбердиева намояндагӣ мекунад.

Ҳамин рӯз бо иштироки сарони кишварҳои Қазоқистону Ӯзбекистон маросими тантанавии ифтитоҳи Соли Ӯзбекистон дар Қазоқистон баргузор шуда, ҳамчунин сарони ду кишвар дар гала-консерти устодони санъат ширкат меварзанд.

Ба ақидаи коршиносони минтақа, ин вохӯрӣ дар самти ҳамкории минтақавӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид, зеро бори нахуст давоми солҳои тӯлонӣ сарони кишварҳо на дар майдони чорабиниҳои дигар (аз қабили нишасти СҲШ, ИДМ ва ғайра), балки бо ташаббуси худашон дидору гуфтушунид мекунанд.

Ҳадафу вазифаҳои ягонаи кишварҳои минтақа зарурати муҳайё сохтани шароити мусоидро барои равуои озодонаи одамон, интиқоли бемамониати пулу сармоя ва захираҳои корӣ тақозо мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.