Дар гузориши лоиҳаи «Арзишҳои интихобот», ки дар он сифати баргузории интихобот дар кишварҳои саросари ҷаҳон арзёбӣ мешавад, байни давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ) Қирғизистон зинаи аввалро ишғол кард, хабар медиҳад CA-NEWS.

Дар ин гузориш, ки ба сифати баргузории интихобот дар 164 кишвар баҳогузорӣ шудааст, Қирғизистон 53 PEI Index, Қазоқистон - 45, Ӯзбекистон - 38, Тоҷикистон - 36 ва Туркманистон - 34 PEI Index гирифтаанд.

Гуфта мешавад, дар ин гузориш 285 маъракаи интихоботи парлумонӣ ва президентӣ дар 164 кишвар аз 1 июли соли 2012 то 31 декабри соли 2017 таҳлил шудааст.

Зинаи аввали рейтингро - Дания, Финландия ва Норвегия ва зинаҳои охирро Эфиопия, Гвинеяи Экваториалӣ, Сурия ва Бурунди касб кардаанд.

Дар гузориш оид ба мутобиқати интихобот дар кишварҳо ба меъёрҳои мукаммалии интихоботӣ назари 3253 нафар коршиносон доир ба 285 маъракаи интихобот дар 164 кишвар гирдоварӣ шудааст.

Гузориш дар доираи лоиҳаи «Арзишҳои интихобот асосан дар Донишгоҳи Сидней ва Донишгоҳи Гарвард таҳия шудааст.