Дар вилояти Бодканд як шаҳрванди Қирғизистон мавриди латукӯби сокинони анклави Сӯхи Ӯзбекистон қарор гирифтааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба гуфтаҳои раиси маҳаллаи Суу-Башӣ Худойбердӣ Козуев, деҳаҳои Боз-Адир, Кара-Токой ва Ширеч оби нӯшокиро аз истгоҳи обкашонии "Ширеч" дарёфт мекунанд.

Рӯзи 10 апрел сокинони маҳаллаи "Шарҳобод"-и Сӯх корманди истгоҳро, ки мехост, обро сар диҳад, латукӯб кардаанд. Ҳоло ӯ дар беморхонаи Бодканд бистарӣ аст.

Гуфта мешавад, ҳарчанд истгоҳ дар ҳудуди Сӯх ҷойгир аст, он ба Қирғизистон тааллуқ дорад. Дар ҳоли ҳозир, вазъро пулис, марзбонон ва намояндагони мақомоти маҳаллии ду кишвар назорат доранд. Қарор аст, раҳбарони ноҳияҳои Бодканди Қирғизистону Сӯхи Ӯзбекистон бо ҳам вохӯранд.

Зикр мегардад, ки дар Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтаанд, ки ин хабарро мавриди санҷиш қарор додаанд.

Ёдрас мешавад, ки 7 апрел дар наздикии деҳаи Мамайи ноҳияи Оқсойи Қирғизистон, ҳаммарз бо Ӯзбекистон тирпаронӣ сурат гирифт. Марзбонҳои қирғиз гуфтанд, сарбозони ӯзбек ба сӯи сокини 34-солаи Оқсой, ки дар ҳудуди Қирғизистон буд, оташ кушодаанд. Дар натиҷа ӯ дар беморхона ҷон бохт.

Вале ҷониби Ӯзбекистон ин хабарро рад мекунад. Сарбозони ӯзбек гӯё ба сӯи шаҳрванди Қирғизистон замоне оташ кушодаанд, ки ғайриқонунӣ ба қаламрави Ӯзбекистон ворид гаштааст.