Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бо даъвати ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп рӯзҳои 15-17 май бо нахустин сафари расмӣ ба ИМА меравад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон, дар ин сафар ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили ҷаҳониву минтақавӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, Кохи сафед низ дар изҳороти худ гуфтааст, президент Трамп "аз ин сафари таърихӣ истиқбол мекунад" ва умедвор аст, ки дар ҷараёни он "навсозии равобити дуҷониба бо назардошти чолишҳои муосир" баррасӣ хоҳад шуд.

Қайд мешавад, ки дар баёнияи Кохи сафед ҳамчунин гуфта мешавад, ки ИМА ба талошҳои Ӯзбекистон дар ислоҳоти муҳим, густариши тиҷорат ва сармоягузорӣ истиқбол намуда, омодааст, бо раҳбари ин кишвар масоили амнияти минтақаӣ ва вазъи Афғонистонро низ баррасӣ кунад.

Зимнан зикр мегардад, ки раисҷумҳури Ӯзбекистон дар Вашингтон ҳамчунин аз Конгресс, вазорати мудофиа, департаменти давлатии ИМА ва Бонки ҷаҳонӣ дидан карда, дар поёни мулоқот изҳороти муштараки "Ӯзбекистон ва ИМА: оғози марҳилаи нави ҳамкориҳои роҳбурдӣ" қабул мегардад ва чанд ҳуҷҷат имзо мешавад.