ИМА воридоти пахтаи Туркманистон ва маҳсулотеро манъ кард, ки аз пахтаи Туркманистон таҳия шудааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Хадамоти гумрук ва назорати сарҳадии ИМА, чунин қарор рӯзи 18 май қабул шудааст.

Гуфта мешавад, дар Амрико қонуне амал мекунад, ки бар асоси он, воридоти маҳсулоте манъ аст, ки онро бо истифода аз меҳнати кӯдакон ё меҳнати маҷбурӣ ва ё бо вайрон кардани қонунгузории меҳнат истеҳсол кардаанд. Қарори манъи воридоти пахтаи Туркманистон ҳам дар асоси ин қонун қабул шудааст.

Манъи воридоти пахтаи Туркманистон мумкин аст, ба арзномаи созмонҳои "Ширкати пахта", Иттилои алтернативии Туркманистон ва Анҷумани байналхалқии ҳуқуқҳои меҳнат рабт дошта бошад.

Ин созмонҳо мегӯянд, ҳукумати Туркманистон кормандони буҷавӣ ва кӯдакони 10-15-соларо иҷборан ба ҷамъоварии ҳосили пахта сафарбар мекунад. Гузашта аз ин, мақомоти Туркманистон рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқеро боздошт мекунанд, ки ба инъикоси ин мушкил машғул ҳастанд.

Дар гузашта ширкатҳои нассоҷие мисли H&M, IKEA, Inditex ва VF аз истифодаи пахтаи Туркманистон даст кашида буданд.