Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон, зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ шахсони дастдошта ба куштори варзишгари маъруфи Қазоқистон, раққоси рӯи ях Денис Тен муайян карда шуданд.

Бино ба иттилои хабаргузории CA-News, яке аз гумонбарон боздошт ва дар тавқифгоҳи муваққатӣ қарор дошта, нисбати гумонбари дуюм тадбирҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Дар прокуратураи Алмаато хабар додаанд, ки боздоштшуда Нурали Қиёсови 24-сола, зодаи вилояти Ҷамбул аст. Тибқи маълумоти прокуророн, Қиёсов дар ҳузури адвокат ба амали содиркардааш иқрор шудааст.

Боздоштшуда Нуралӣ Қиёсов
Акс аз CA-News

Ёдрас мекунем, ки дар шаҳри Алматои Қазоқистон варзишкор, қаҳрамони Осиё Денис Тен бо зарби корд кушта шуд. Ӯ 25 сол дошт.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, шаби 19 июл ду фарди ношинос ба ҷисми Денис бо корд ҳамла карда,, Денис ба бемористон интиқол дода шуд.

"Вай дар шуъбаи эҳё бистарӣ шуд. Ҷарроҳиаш ду соат давом кард. Табибон ҳамаи талошашонро карданд. Аммо ҷароҳат вазнин буд", - гуфтааст сардухтури беморхонаи шаҳрии №12 Ержан Куттикожин.

Гуфта мешавад, Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ба наздикон ва пайвандони Денис Тен изҳори ҳамдардӣ кард.

Мақомот изҳор доштаанд, ки ду фарди ношинос мехостанд, оинаи мошини ӯро рабоянд, аммо Денис Тен садди роҳи онҳо шуда, дар ҳамин ҳолат афроди ношинос ба ӯ бо корд ҳамла карданд. Парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

​Зимнан зикр мегардад, ки варзишкорон ва мухлисон аз саросари ҷаҳон дар робита ба фавти Денис Тен изҳори ҳамдардӣ мекунанд.