Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 14 август хабар дод, ки аз қочоқи маводи доруворӣ аз Тоҷикистон ба ин кишвар пешгирӣ кардааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ҳудуди деҳаи Қизил-Жоли ноҳияи Бодканд микроавтобуси "Мерседес-Бентс Спринтер-311"-ро зери идораи як сокини ноҳияи Лайлаки ин кишвар боздоштаанд.

Гуфта мешавад, ҳангоми бозҷӯӣ аз дохили мошин 46 баста, аз ҷумла 5 ҳазор қуттӣ стрептотсид, 1 ҳазору 100 қуттӣ линкомитсин ва 400 қуттӣ амарили макони истеҳсолаш номаълум дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Қайд мешавад, ки мавод аз Тоҷикистон ба Қирғизистон бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ва иҷозатномаи Вазорати тандурустии ин кишвар ворид карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки Кумитаи амнияти Қирғизистон дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Қочоқ" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.