Бонки марказии Ӯзбекистон (БМӮ) ба воситаи саҳифаи худ дар Telegram хабар дод, ки сар аз 25 феврал дар ин кишвар пули нави 100-ҳазорсӯмӣ ба муомилот мебарояд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба огаҳии бонк, пули 100-ҳазорсӯмӣ ба донишманди маъруфи ӯзбек Мирзо Улуғбек ва дастовардҳои ӯ дар бахши ситорашиносӣ бахшида шудааст.

Гуфта мешавад, дар канори чапи пул расми муҷассамаи Мирзо Улуғбек тасвир гаштааст. Ҳамчунин дар он бо ранги сабз унсурҳое наққошӣ шудаанд, ки шахсони нобино метавонанд ба воситаи онҳо ҳаҷми пулро муайян кунанд.

Ёдрас мешавад, БМӮ 15 январи соли равон хабар дода буд, ки Сенати Маҷлиси олии Ӯзбекистон тарҳи пули 100-ҳазорсӯмиро тасдиқ кард. Мақомоти ӯзбек он замон гуфтанд, ки пули нав ба хотири осон кардани кори сокинон ҳангоми истифода, нигаҳдорӣ ва интиқоли нақдина ба муомилот бароварда мешавад.

Вале чанд рӯз пас аз ин хабари БМӮ манобеъ гуфтанд, ду дастгоҳи нашри асъори миллӣ дар ин кишвар шикастаанд ва эҳтимол дорад, пули нав нашр нашавад. Ба гуфтаи як манбаи огаҳ, дастгоҳҳо ба далели қатъи пайдарпайи нирӯи барқ корношоям шудаанд.