Дар қаъри хушкшудаи баҳри Арал дар Ӯзбекистон соли равон баҳри бунёди ҷангал  дар майдони наздики 500 гектар дарахт шинонида мешавад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Вазорати адлияи ин кишвар.

Бино ба иттилои ин мақомот, барои амалӣ шудани ин мақсад давра ба давра ҷудо шудани 100 млрд. сӯм (12 млн. доллар) маблағ пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон ҳудуди 50 ҳазор гектар заминҳои кишт дар натиҷаи хушк ва шӯр шудани баҳр корношояманд, қайд мешавад дар қарори ҳукумати Ӯзбекистон.

Гуфта мешавад, дар майдони хушкшудаи баҳри Арал, ки дар сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон ҷойгир аст, бо масоҳати аллакай беш аз 5,5 млн. гектар биёбони Аралқум арзи ҳастӣ намудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.