Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ду соли гузашта ҳаҷми кӯмаки молиявӣ ба Ӯзбекистонро қариб се баробар зиёд намуд. Дар ин бора и.в. ёвари котиби давлатии ИМА оид ба давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Элис Уэллс, дар ҷараёни машварати сиёсии Ӯзбекистону Амрико, дар Тошканд ибрози андеша намуд, менависад CA-NEWS.
Ба қавли Элис Уэллс, соли 2016 Вашингтон ба Тошканд 10, 1 миллион доллар кӯмак намуд. Соли 2018 бошад, ҳаҷми кӯмак 28,1 миллион долларро ташкил дод.
Элис Уэллс зикр намуд, ки зиёд шудани кӯмаки ИМА ба Ӯзбекистон баёнгари ҷонибдории Вашингтон аз ислоҳоти роҳандозӣ шуда дар Ӯзбекистон аст.
Элис Уэллс 26 феврал, барои иштирок дар машварати сиёсии Ӯзбекистону Амрико ба Тошканд ташриф овард. Худи ҳамон рӯз мулоқоти Элис Уэллс бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Сохтмони Театри Маяковский моҳи май оғоз мешавад ва хароҷоти онро Русия ба зимма гирифтааст
Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста