Президенти муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 9 апрел эълом кард, ки дар ин кишвар 9 июни соли ҷорӣ интихоботи ғайринавбатии президентӣ барпо хоҳад шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 19 март эълом кард, ки аз мақомаш канор меравад. Сарфи назар аз он ки вай дигар президент нест, аммо Шӯрои амнияти Қазоқистон ва ҳизби ҳокими "Нур Отан"-ро роҳбарӣ мекунад.

Гуфта мешавад, Қосимҷомарт Тоқаев санаи 20 март ба ҳайси президенти муваққат савганд ёд кард.

Дариға Назарбоева, духтари калонии президенти пешини Қазоқистон раиси порлумони он кишвар интихоб шуд. Номзадии ӯро ба мақоми раисӣ Тоқаев пешниҳод кард. Коршиносон мегӯянд, Назарбоева яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми президентии Қазоқистон аст.

Зикр мегардад, ки Тоқаеви 65-сола, сарвазири пешин ва вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, 20 марти соли ҷорӣ президенти муваққати кишвараш таъйин шуд.