Дар қаламрави маҷмааи ёдгории “Қабри шаҳидон” ("Братские могилы")-и шаҳри Тошканд раҳпаймоии “Полки ҷовидон” баргузор шуд.

Сарфи назар аз манъи мақомоти шаҳрдорӣ, садҳо нафар назди лавҳаи ёдгорӣ омада, суратҳо дар даст ва зери сурудҳои замони ҷанг раҳпаймоӣ карданд, хабар медиҳад nuz.uz.

Маъракаи раҳпаймоӣ дар “Полки ҷовидон” ҳамасола дар Тошканд мавриди баҳсу баррасии зиёд қарор мегирад. Имсол ҳам истисно нашуд. Ду рӯз пеш ба баргузории раҳпаймоӣ иҷоза нашуд. Мақомоти пойтахт ба баргузор намудани раҳпаймоӣ дар миқёси шаҳр иҷоза надоданд. Дастандаркорони чорабинӣ раҳпаймоиро аз мавзеи “Қабрҳои бародарона” то Оташи ҷовидон дар майдони Мустақиллик дар нақша доштанд.

Аммо имсол ҳам раҳпаймоӣ дар мавзеи маҷмааи ёдгории “Қабри шаҳидон” маҳдуд шуд. Садҳо одамон бо суратҳо дар даст ин ҷо ҷамъ шуда, хотири иштирокчиёну қурбониёни ҷанги мудҳишро зидди фашизм посу гиромӣ доштанд.

1/14

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.