Ба иттилои вазорати корҳои дохилии Қазоқистон, дар шаҳрҳои Алмато ва Нурсултони он кишвар наздики 500 одам ба идораи пулис бурда шудааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, боздоштҳои густардаи рӯзи 9 июн дар ду шаҳри калонтарини Қазоқистон, инчунин дар шаҳри Чимкент сурат гирифтанд.

Гуфта мешавад, Марат Кожаев, ноиб-аввали вазири корҳои дохилии Қазоқистон гуфтааст, боздоштшудаҳо талош доштанд "вазъи иҷтимоиро ноором кунанд". Вай гуфт, пулис дар доираи қонун амал кардааст.

Ноиб-аввали вазири корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, иттилоъ дар бораи марги як эътирозгар ҳақиқат надорад.

Дар Қазоқистон рӯзи 9 июн интихоботи президентӣ баргузор шуд. Додситонии кулли он кишвар 7 июн бо пахши як огоҳинома гуфт, вайрон кардани тартиботи баргузории ҷамъомадҳои сулҳомез ҷавобгарӣ дорад. Касоне, ки ба эътироз баромада буданд, ба таҳрими интихобот даъват карданд.

Зимнан зикр мегардад, ки миёни боздоштшудаҳои рӯзи 9 июн кормандони расонаҳо ҳам ҳузур доштаанд.