Писари даҳсолаи президенти Ӯзбекистон Алишер Мирзиёев, наберааш Миромон ва домодҳояш – Ойбек Турсунов ва Отабек Умаров – дар тӯйи писарони нахуствазири Имороти Муттаҳидаи Араб ва амири Дубай Шайх Муҳаммад бин Рашид ал-Мактум иштирок кардаанд. Ин маросим рӯзи 6-уми июни имсол баргузор шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар бораи иштироки намояндагони оилаи президент Шавкат Мирзиёев Отабек Умаров бо гузоштани аксе дар саҳифааш дар "Инстаграм" хабар додааст.

Дар акс дида мешавад, ки амири Дубай дастонашро рӯи шонаҳои писари Мирзиёев гузоштааст ва домодҳои раиси ҷумҳури Ӯзбекистон дар як саф бо писарони шайх истодаанд.

Ойбек Турсунов муовини аввали раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент ва Отабек Умаров – муовини аввали раиси хадамоти амнияти раиси ҷумҳури Ӯзбекистон аст.

Рушан нест, ки аъзои хонаводаи шавкат Мирзиёев дар тӯйи писарони амири Дубай ҳукумати Ӯзбекистонро намояндагӣ кардаанд ё дӯстона ба онҷо рафтаанд. Хадамоти матбуоти ҳукумати Ӯзбекистон дар бораи ҳузури намояндагони хонаводаи Мирзиёев дар тӯйи оилаи рақами яки Дубай хабар надодааст.

Амири Дубай ва ҳамзамон нахуствазири Имороти Муттаҳидаи Араб дар рӯзҳои таҷлил аз Иди Фитр якбора се писарашро оиладор кард. Дар ин маросим асосан меҳмонон аз хориҷа ва кишварҳои арабӣ буданд.

Маросим дар маркази ҷаҳонии тиҷорат дар Дубай бургузор шуд. Ба хабари расонаҳо, агар вазъи молии амири Дубайро ба назар гирем, тӯйи фарзандони ӯ хеле хоксорона гузаштааст.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон, моҳи марти имсол дар ҷараёни сафараш ба Имороти Муттаҳидаи Араб бо амири Дубай мулоқот карда буд. Он замон расонаҳои Ӯзбекистон навиштанд, ки сафари Мирзиёев ба Иморот “пурҳосил” буд ва дар ҷараёни он чанд созишномаи муҳим, аз ҷумла тарҳҳои сармоягузорӣ ба маблағи беш аз даҳ миллиард доллар имзо шудааст. Дар бораи онки чӣ қадар аз ин маблағҳо ба Ӯзбекистон ворид шудааст, иттилое дар даст нест.

Элитаи ҳукмрон дар Ӯзбекистон аз замони раёсати Ислом Каримов бо амири Дубай робитаи зич доранд. Бисёре аз мансабдорони кунунӣ ва пешини Ӯзбекистон дар Дубай соҳиби хонаҳои гаронқимат, ширкат ва ҳисобҳои бонкӣ ҳастанд.

Тоҷироне, ки дар солҳои ҳукумати Ислом Каримов ба ҷиноятҳои иқтисодӣ муттаҳам буданд, низ дар Дубай паноҳгоҳ ёфтаанд.