Кӯдакон ва кормандони як боғча дар ноҳияи Баяути Ӯзбекистон рӯзҳои 18-19 июн бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба бемористон муроҷиат карданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ, 23 кӯдак ва 2 коргари боғча заҳролуд шудаанд.

Гуфта мешавад, табибон иҳор доштаанд, ки норасоии оби ошомиданӣ дар боғчаи мазкур боиси сар задани чунин ҳолат шудааст. Рӯзи 17 июн дар боғча об набуд ва кӯдакон оби сард нӯшидаву меваи ношуста хӯрдаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки вазъи беморонро табибон миёна арзёбӣ кардаанд.