Маҷаллаи фаронсавии «Gala» моҳи сентябр шумораи махсусеро ба чоп расониданист, ки пурра ба Ӯзбекистон бахшида мешавад.

Маҷалла беш аз 100 саҳифаро дар бар гирифта, 40-тои онро маводу аксҳо дар бораи ёдгорӣ ва мероси меъмориву таърихии мардуми ӯзбек зебу оро хоҳанд дод. Дар ҳар кадоме аз саҳифаҳо дар партави  шаҳрҳои Самарқанду Бухоро макони тамошобобу диданӣ нашр мешавад, хабар медиҳад Zarnews.uz.


Гурӯҳи суратгирону наворбардорони нашрия санаи 23 июн аз Самарқанд боздид намуда, ёдгориҳои таърихиву меъмориро аксу наворбардорӣ карданд.

Маҷаллаи «Gala» нашрияи бонуфузи фаронсавист, ки ба мӯд ва санъату ҳунар бахшида шудааст. Ҳам дар шакли чопӣ ва ҳам электронӣ ба нашр мерасад. Шумораи хонандагони маҷалла беш аз 13 млн. нафарро ташкил дода, теъдоди шумори чопии он ба 200 ҳазор нусха мерасад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.