Дар шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балхи шимоли Афғонистон вохӯриии роҳбари ҳокимияти иҷроияи ин кишвар Абдулло Абдулло бо сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов баргузор шуд, хабар медиҳад АИ “Фергана”.

Зимни гуфтушунид вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои иқтисодӣ байни кишварҳо ва рафти иҷрои созишномаҳои дуҷонибаи баимзорасида баррасӣ шуданд.

Аз ҷумла Орипов изҳор намудааст, ки Ӯзбекистон ба ҳамкорӣ бо Афғонистон дар бахшҳои гуногун, аз қабли соҳаи кишоварзӣ, савдо, нақлиёт ва бахши энергетика, ҳамчунин ҷудо кардани маблағи зарурӣ барои бо нерӯи барқ таъмин кардани Афғонистон омода аст.

“Ӯзбекистон барои сохтмони хати интиқоли барқ аз Сурхон (наздикии Бухоро) то Пули Хумрӣ дар Афғонистон бо арзиши 110 млн. доллар ва масофаи қариб 200 километр 45 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад”, - иброз доштааст сарвазири Ӯзбекистон.

Гуфта мешавад, ҳукумати Афғонистон ваъда додааст, ки барои сармоягузорони ӯзбек шароити мусоид фароҳам меоварад ва барои сармоягузорони афғон низ муҳайё сохтани чунин шароитро дар Ӯзбекистон дархост кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.