Дар Ӯзбекистон бо пешниҳоди Вазорати рушди навоварӣ дар заминаи Маркази фанновариҳои пешрафтаи ин кишвар ва иштироки Пажӯҳишгоҳи таҳқиқотӣ-илмии гематология ва хунгузаронӣ бонки ҳуҷайраҳои бунёдии инсон таъсис доданианд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, феҳристи бонк ба муассисаҳои тиббии Ӯзбекистон маълумот дар бораи мавҷуд будани намунаи ҳуҷайраҳои бунёдиро барои пайванд ба бемороне пешниҳод хоҳад кард, ки аз саратон, камхунӣ, бемории шуоъ ва касалиҳои дигари вазнин ранҷ мебаранд.

Гуфта мешавад, дар сурати осеб дидани мағзи устухони худи бемор зарурати интихоби донори ҳуҷайраҳои бунёдии ин навъи мағз ба миён меояд.

"Дар он замон вақт барои бемор хеле гарон аст", - оварда шудааст аз иттилоияи Вазорати рушди навовариҳои Ӯзбекистон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.