Раҳбарияти телевизиони хусусии "Zo’rTV"-и Ӯзбекистон қарор кардааст, ки сароянда Ҷаҳонгир Фозилҷонов ва ҳунарманд Ҳалима Иброҳимова аз 12 июли соли равон дигар ба эфир роҳ дода нашаванд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ду ҳунарманд барномаи фароғатиеро дар телевизиони мазкур пеш мебурданд.

Бин ба гуфтаи як корманди телевизион, ҳамчунин сурудҳои Райҳон Ғаниева ва Зиёда Қобила аз эфир гирифта шуданд.

Гуфта мешавад, бархе аз афроди огаҳ аз шоу-бизнеси ӯзбек гуфтаанд, ин ҳунармандон баъди ҷонибдорияшон аз Гулнора Каримова, духтари зиндонии президенти пешини Ӯзбекистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба "рӯйхати сиёҳ" ворид карда шудаанд.

Намояндаи иттиҳодияи давлатии "Ӯзбекконсерт", ки фаъолияти ҳунармандонро дар Ӯзбекистон назорат мекунад, гуфт, ин чораандешӣ муваққатӣ хоҳад буд.

Як корманди Zo’rTV ба шарти ифшо нашудани номаш изҳор доштааст, ки раҳбарияти телевизион "дастури шифоҳӣ" додааст, ки Фозилҷонов ва Иброҳимова ба эфир роҳ дода нашаванд. Ҳамчунин тамоми эълонҳо бо иштироки онҳо аз эфир гирифта шуданд.

Ёдрас мешавад, 24-25 июли соли равон чеҳраҳои шинохтаи шоу-бизнеси Ӯзбекистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаеро ба ҷонибдорӣ аз Гулнора Каримова роҳандозӣ карданд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони хабаргузорӣ, ин иқдом хашми раҳбарияти "Ӯзбекконсерт" ва Zo'r TV-ро барангехтааст.