Собиқ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизби зери раҳбариаш “Нур Отан” аз ҳамдиёронаш, ки хостори тақвияти дастгирии иҷтимоӣ мебошанд, интиқод кард, менависад Азаттык.

“Шиорпартоӣ мекунанд: “Ба ман ину онро деҳ, серфарзандаму маошам кам аст”. Пас чӣ фикр доштӣ? Охир ин мушкили худат аст, дар вақташ бо давлат маслиҳате надоштӣ, - гуфт Назарбоев дар ҷаласа. - Агар давлат вазифаҳои худро иҷро кунад, ин кам аст, “не, кам, боз деҳ”. Бубинед”.

Чанде пештар то истеъфо аз мақоми президентӣ Назарбоев зимни вохӯрӣ бо занон дар остонаи ҷашни 8 март иброз дошта буд, ки шаҳрвандон набояд ба умеди он бошанд, ки “чун дар даврони шӯравӣ ҳама чизро ҳукумат медиҳад”. Ҳозир ҳама даромадҳояшро дар ихтиёри худ дорад, зарур аст, ки ҳамаҷониба андеша кард - чанд фарзанд дар оила будану чӣ гуна таъмин кардани рӯзгори он”, - изҳор дошта буд ӯ санаи 7 март.

Лекин тахминан баъди ду ҳафта он замон президенти Қазоқистон итминон дода буд, ки давлат ҳамеша ба ниёзмандон кумак мекунад ва илова намуда буд, ки “оилаҳои аз лиҳози иҷтимоӣ осебпазир ва серфарзанд бояд дар фрусати наздиктарин ғамхории давлатро эҳсос намоянд”.

Ин нуктаро ӯ пеш аз бозбинии қонунгузорӣ дар бораи болоравии пардохтпулиҳои иҷтимоӣ зикр карда буд. Тасмими болоравии ҳаҷми кумаки иҷтимоии таъиншударо, ки ҳукумат ба оилаҳои камбизоат медиҳад, ҳукуматдорон дар партави эътирозҳои модарони серфарзанд изҳор намуда буданд.

Эътирозҳои модарони серфарзанд дар Қазоқистон моҳи феврал - пас аз сӯхтор дар бошишгоҳе дар нур-Султон, ки дар он 5 духтар аз як оила ҳалко шуданд, оғоз гардид. Эътирозҳо минтақаҳои Қазоқистонро ҳам фаро гирифта, садҳо нафар занон боло бурдани кумакпулиҳо, ҳалли масъалаи таъмин бо манзил, ҷорӣ кардани имтиёзҳо барои оилаҳои серфарзандро талаб карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.