Ситоиши донишмандону бузургони илму адаб, бар хилофи тамҷид аз сиёсатмадорон, ҳамвора масарратбахшу фараҳафзост. Зеро ситоиши донишманд ситоиши донишу басират ва ростиву озодагист. Бартолд аз шумори донишмандони пуровозаест, ки осори ҷовидонае дар заминаи таъриху фарҳанги ҷаҳон, аз ҷумла, сарзамини тоҷикон таълиф карда, номаш дар таърихи башарӣ мондагор шудааст. Имрӯз, 15-уми ноябр солрӯзи валодату бузургдошти ин олими шаҳир буда, дар гӯшаву канори ҷаҳон ошиқони илму адаб 150-солагии ӯро таҷлил мекунанд.

Василий Бартолд 15-уми ноябри соли 1869 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия чашм ба олами ҳастӣ кушод. Хонадони Бартолд аз табори олмониҳои муҳоҷир буданд. Дар муҳити хонаводагӣ Василийро Вилҳелм меномиданд (Бартолд номи худро дар мақолаву осори дар Аврупо мунташиршуда низ Вилҳелм менавишт, ки бар насабу табори вай таъкид дошт). Падари ӯ корманди биржа буда, аҳли хонадони вай зиндагии осудае доштанд. Ҳамин рифоҳи хонаводагӣ имкон дод, то дунболи таҳсили илм равад ва даврони таҳқиқу донишандӯзиро дар зодгоҳаш – пойтахти империяи Русия ва маркази илму фарҳанги ин кишвар сипарӣ кунад. Василий соли 1887 ба бахши ховаршиносии Донишгоҳи Санкт-Петербург шомил шуда, дар ин ҷо забонҳои арабӣ, форсӣ ва туркиро омӯхт.

Бартолдд бо тавсияи устоди роҳнамояш – ховаршиноси шаҳири рус Виктор Розен кишварҳои аврупоиро дарнавардид, ки барои такомули маънавию касбии ӯ хеле муҳим буд. Вай парвардаву тарбиятдидаи маҳзари олимони машҳури Аврупо Теодор Нелдеке ва Август Мюллер, ҳамсафу ҳампешаи донишмандоне чун П. Мелиоранский ва В. Радлов мебошад. Бартолд то ҷое ба фарҳангу маърифату улум дилбаста буд, ки замоне мехост издивоҷ кунад, дунболи хонадони бореша рафта, бо хоҳари эроншиноси шаҳири рус В.А. Жуковский издивоҷ кард. Ӯ дар хонадорӣ низ намунаю фидокор буд ва достони ишқу садоқати вай бо Мария Жуковская забонзади хосу ом аст. Яке аз сабабҳои марги ногаҳонии Бартолдро донишмандон фироқу сӯгвории ӯ барои ҳамсари маҳбубаш донистаанд, ки як сол қабл аз шавҳар дори фониро пидруд гуфт. Бар асоси васияте, ки дошт, ӯро 19-уми августи соли 1930 дар як лаҳад бо занаш дар гӯристони Смоленскийи шаҳри Санкт-Петербург ба хок супурданд.

Бартолд ошиқи Осиёи Миёна буд. Ӯ ҳанӯз 22 сол дошт, ки ба устодаш – Виктор Розен навишт: «Гузаштаи Осиёи Миёна аслан таҳқиқ нашуда, онро бояд чун таърихи Аврупо биёмӯзем». Дертар Бартолд худ ба ин кор даст зада, барҳақ поягузори илми таърихи Осиёи Миёна гардид. Ҳарчанд таълифоти фаровоне роҷеъ ба таърихи Эрон, кишварҳои Шарқ, Русия, Қафқоз ва ғайра дорад, вале коршиносон ӯро ғолибан ҳамчун муҳаққиқи таъриху фарҳанги Осиёи Миёна мешиносанд, ки арзёбии холисона аст.

Рисолаи доктории Бартолд, ки бузургтарин асари ин донишманд низ шумурда мешавад, «Туркистон дар остонаи ҳамлаи муғул» соли 1898 барояш унвони доктори таърихи Шарқ ва шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Ин китоб таърихнигории комил ва ҷомеи Осиёи Миёна дар ҳашт қарн (асрҳои V-XIII) эътироф шуда, ба даҳҳо забони дунё тарҷума ва нашр шудааст. Ҳеч пажӯҳишгари таъриху тамаддуни Осиёи Миёна ва Эрон роҳе ҷуз истифода аз ин шоҳкори илмӣ надорад.

Бартолд ҳамзамон бо тадрис дар донишгоҳҳои Санкт-Петербург, Маскав, Тошканд, Боку, Истанбул ва Лондон осори арзишманде дар заминаи таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Осиёи Миёна таълиф кард, ки муҳимтарини онҳо «Масеҳият дар Туркистон то ҳамлаи муғул» (1901), «Андешаҳои мазҳабӣ ва ҳукумати ашрофӣ дар кишварҳои исломӣ» (1903), «Таърихи Марв» (1903), «Ҷуғрофияи таърихии Эрон» (1903), «Ховаршиносӣ дар Аврупо ва Русия» (1911), «Халифа ва Султон» (1912), «Таърихи обёрии Туркистон» (1914), «Улуғбек ва замони ӯ» (1918), «Ислом. Фарҳанги Исломӣ. Ҷаҳони ислом» (1918), «Таърихи ақвоми турку муғул» (1926), «Зиндагонии сиёсии Амир Алишер Навоӣ» (1928) ва ғайра ба шумор мераванд. Осори дигаре низ дар заминаи бостоншиносӣ, мардумшиносӣ ва сиккашиносӣ ба қалами академик Бартолд таълиф шуда, ки то кунун дар доираҳои илмии ҷаҳон мавриди истифода қарор мегиранд. Ӯ дар Самарқанд ва дигар минтақаҳои Осиёи Миёна ба ҳайси бостоншинос низ иштирок карда, манобеи пажӯҳиши хешро ғановату тақвият бахшидааст. Нақдҳои олимона ва мунсифонаи Бартолд ба осори мунташираи замони худ машҳуранду барҳе аз он дар куллиёти ӯ гирдоварӣ шудаанд.

Ӯ соли 1903 дабири Кумитаи русии Пажӯҳиши Осиёи Миёна ва Осиёи Шарқӣ таъйин гардида, соли 1910 узви вобаста ва соли 1913 узви пайвастаи Академияи улуми Русия интихоб гардид. Интихобе, ки дар матбуоти ҳамон замон дурусту одилона хонда шуд.

Василий Бартолд (нишаста) / Аз торнамои Limon

Бартолд се забони аслии ҷаҳони Ислом – арабӣ, форсӣ ва туркиро медонист ва беш аз 250 мақола дар «Доират-ул-маорифи Ислом» мунташир кард, ки ин мақолот сармашқе дар исломпажӯҳии ҷаҳонӣ гардида, то кунун донишмандони олам дар навиштаҳои худ ба он истинод мекунанд. Вай аз шумори камтарин олимони ҷаҳон аст, ки то кунун интиқоди ҷиддӣ ба навиштаҳои ӯ сурат нагирифта, чун ҳеч чизеро бидуни санад нанавишта ва сиёҳеро сафед ҷилва надода ва бар қомати ситамгаре ҷомае аз дод напӯшонда.

Саодати Бартолд он буд, ки ӯ худро аз таассуботу таҳрикоти сиёсӣ ва ҳизбӣ дур нигоҳ дошта, ҳамеша талош кард, ки ҳамзамонону ояндагон ӯро ҳамчун пажӯҳандаву донишманд бишиносанд. Соли 1912 бо ташаббуси ӯ маҷаллаи «Дунёи Ислом» нашр гардид, ки бештарин мақолоти ховаршиносони рус дар он чоп мешуд. Вақте вазири корҳои дохилии Русия Макаров хост ин маҷаллаи илмиро дар барномаҳову аҳдофи муғризонааш алайҳи мусулмонон истифода кунад, Бартолд шадидан мухолифат карда, ба ин сабаб аз вазифа барканор шуд. Ҳамлаи артиши болшевикӣ ба Бухоро дар сентябри соли 1920 ба назари Бартолд аз тохтутози барбарҳо ба Рим кам тафоут дошт. Вай беш аз сездаҳ соли умрашро дар замони Шӯравӣ сипарӣ кард, вале идеологияи марксистиро, ки ба таърих ва ҷомеашиносӣ танҳо аз манзари табақотӣ менигарист, напазируфт. Донишмандони марксистии шӯравӣ изҳори таассуф мекарданд, ки чунин пажӯҳишгаре аз «файзу баракати» марксисзм бебаҳра мондааст. Осори комили Василий Бартолд танҳо замони сарвари Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Иттиҳоди Шӯравӣ будани академики тоҷик Бобоҷон Ғафуров байни солҳои 1963-1977 дар нуҳ ҷилд ва як замима интишор ёфт.

Таъриху фарҳанги тоҷикон дар меҳвари гуфтумони Бартолд қарор дорад, чун тавре ӯ бо сароҳат эълом дошта, мардуми таҳҷойӣ ва аслии ин сарзамин аҷдоди тоҷикон будаанд. Наметавон се эътирофи муҳиму олимонаи ӯро оид ба тоҷикон нодида гирифту сарфи назар кард:

1. Бартолд бар хилофи баъзе пажӯҳандагони гузаштаву муосир, ки талош кардаанд, Сомониёнро як дудмони турктабор битарошанд, қотеъона баён медорад, ки Сомониён «порс (яъне тоҷик – С.М.) буданду адабиёти порсиро пуштибонӣ мекарданд».

2. Бартолд вақте аз суқути Сомониён дар тирамоҳи соли 999-и милодӣ сухан ба миён меоварад, бо таассуф изҳор медорад: «Дар он замон касе бар ин намеандешид, ки ин ҳодиса ба ҳукумати унсури маҳаллии ориёӣ дар минтақа барои ҳамеша хотима бахшид».

3. Бартолд ду мақолаи тахассусӣ бо номи «Тоҷикон» навишта, ки ҳар ду ҳам бо эҳсоси ҳамраъйӣ ва муҳаббат дар нисбати тоҷикон таълиф шудаанд. Донишманди шаҳир тоҷиконро «эронитабор ва мардуми бумии Туркистон» эътироф карда, пас аз сайри иҷмолии сарнавишти тоҷикон менависад, ки «истилои Русия ин мардумро аз турктозии кӯчиён раҳоӣ бахшид, вале инқилоби соли 1920 ва Конститутсияи он бумиёнро ба фаромӯшӣ супурд» ва ақвоми омадаро ҷойгоҳи бумиён бахшид. Сипас бо нигаронӣ менависад, ки тақсимоти милливу марзии соли 1924 то куҷо тоҷиконро ҳамчун миллат эҳё мекунад, гузашти замон нишон хоҳад дод. Ин суханонро як донишманди рус дар замоне навишт, ки рӯҳияи тоҷикситезӣ дар авҷ буда, сиёсати болшевикӣ низ бо мароми баъзе тоҷикони асолатбохта ҳамнаво буд. Ин ду бадхоҳ даст ба дасти ҳам дода, мехостанд ному нишоне дар Осиёи Миёна аз тоҷикон боқӣ намонад.

Бартолд бо ишқу имон ба кори тадрису таҳқиқ пардохта, устоди ҳазорон пажӯҳишгар дар нигориши ҳаводиси таърихӣ дониста мешавад. То вопасин рӯзҳои умр ҳамвора дар шавқу ҷустуҷӯ ва таҳқиқ буд ва лаҳзае аз омӯхтану андӯхтан ғафлат наварзид.

Мегӯянд, боре гуфта буд: “Танҳо як рӯз аз умрамро намебахшам, ки бар асари уфтодан аз аспу шикастани пой қудрати нишастану хондан ва андешидан надоштам. Танҳо ҳамин рӯз буд, ки ман варақеро мутолиа накардам”.     
Ин азизи илму адаб яке аз номовартарин муҳаққиқони ҷаҳон аст, ки бо камоли маҳорату устодӣ осори гаронсанг таълиф карда, муаррифгари таъриху фарҳанги милали мухталиф ба ҷаҳониён буд. Бартолди воқеъбин умри гаронмояи худро сарфи пажӯҳиши сарзамину мардуми тоҷик карда, дар ҳеч ҷойи осори худ ҳарфе носазо ва хилофи воқеият нагуфтааст, ки дар рӯзгори мо падидае нодир аст. Замоне Бартолд аз Сомониёни фарҳангзамир бо тамҷид ёдовар шуду ононро дудмони тоҷикӣ номид, ки маҷро бар муқобили тоҷикон буд. Фурсати он фаро расида, ки мо – тоҷикон низ аз сари ҳиммату ҳамийят ва ба манзури таҷлил аз мақоми илмиву адабии устод Бартолд ва ба поси хадамоти саршори ин донишманди шаҳир, ки ҳаргиз ғуборе бар он нанишаст, дар кишвар муассиса ва хиёбонеро ба исми ӯ номгузорӣ кунем ва нимпайкараи ӯро низ дар яке аз боғҳои пойтахти кишвар бигузорему адои дайн кунем. Зеро ӯ бо нигоҳе тезбину андешаи жарфу охирбин дар замоне аз тоҷикон сухан ба миён овард, ки доҳии инқилоб Ленин номи ин миллати куҳанро ба фаромӯшӣ супурда буд. Осори ҷовидонаи Бартолд ойинаест, ки мо – тоҷикон дар он симои худро мебинему меболем. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.