Дар нашрияҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоии Ӯзбекистон аксҳои навбати одамон барои харидани китоби Қуръони дар Тошканд чопшуда паҳн гардидааст. Дар ин бора CA-News хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, рӯзи 11-уми январ нусхаи навбатии ин китоб ба фурӯш бароварда шуда, худи ҳамин рӯз дар Тошканд ва дигар шаҳрҳои Ӯзбекистон барои харидани он навбатпоиҳои тӯлонӣ сурат гирифт.

Китоби Қуръони карим дар матбааи “Ҳилол”, ки муассисаш шайхи марҳум Муҳаммад Содиқ Муҳаммад Юсуф мебошад, нашр шудааст.

Арзиши китоб 35 ҳазор сӯм (наздики 3,7 доллар)-ро ташкил медиҳад.

1/10

Дар Ӯзбекистон то имрӯз китоби Қуръони дар кишварҳои Халиҷи Форс нашршуда бештар маъмул буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.