Ӯзбекистон аз гурӯҳи Cotton Campaign, ки чандин созмони ҳомии ҳуқуқ ба он шомиланд даъват кард, таҳрими пахта ва бахши нассоҷии ин кишварро қатъ кунанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мақомоти ӯзбек гуфтаанд, дар робита ба решакан кардани истифодаи меҳнати иҷборӣ ба пешрафтҳое ноил шудаанд ва оқибатҳои иқтисодии коронавирус ҳам бекор кардани таҳримҳоро талаб мекунад.

Вазири шуғл ва муносибатҳои кории Ӯзбекистон Нозим Хусанов 15 апрел дар як номаи боз ба Cotton Campaign гуфтааст, ин кишвар дар пайи паҳн шудани коронавирус бо "таҳдиди бесобиқаи дуҷониба" ҳам ба иқтисод ва ҳам ба сиҳатии сокинони худ рӯбарӯ шудааст.

Бино ба пешбиниҳои Ӯзбекистон, бекор шудани таҳрим имкон медиҳад, ки аз ҳисоби боз шудани бозорҳои Ғарб истеҳсоли маҳсулоти нассоҷиро ду баробар афзоиш дода, ҷойҳои нави корӣ низ ташкил карда шавад.

Эътилофи байналхалқии ширкатҳои пахтаи Cotton Campaign соли 2010 бо ҳадафи таҳрими Ӯзбекистон таъсис шуда буд. Эътилоф гуфт, дар Ӯзбекистон кӯдакону калонсолон ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб мешаванд. Тамғаҳои маъруфи тиҷоратие амсоли Nike, Zara, GAP, Levi's, H & M, UNIQLO ва ғайраҳо ба ин маърака ҳамроҳ шуда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.