Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба муносибати фарорасии Иди Рамазон дар бораи авфи 258 нафар маҳбусон фармон ба имзо расонид. Тавре хабаргузории “Фергана” иттилоъ медиҳад, Иди Рамазон имсол 24 май таҷлил мегардад.

Мувофиқи ин фармон, “16 нафар аз адои ҷазо пурра ва 101 кас - шартӣ ва пеш аз муҳлат озод шуда, боз ҷазои 24 маҳбус ба ҷазои сабуктар иваз шудааст ва муҳлати ҷазои 117 маҳбуси дигар кам гардидааст.

Гуфта мешавад, байни озодшудагон 7 нафарашон мардони синни аз 60-сола боло, 7 нафар шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, 1 зан ва 164 аъзои созмонҳои манъшуда мебошанд. Ба Вазорату идораҳо ҷиҳати кумак ба мутобиқати иҷтимоии озодшудагон дастур дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.