Наздики 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон - муҳоҷирону занон ва кӯдакон, ки байнашон маъюбони аробадор низ ҳастанд, бар асари коронавирус дар сарҳади байни Қазоқистону Ӯзбекистон дар вилояти Туркистони Қазоқистон дармондаанд. Онҳо болои картон хобида, пули аксарияташон тамом шудааст. Ин ҷо фавтидагон ҳам ҳастанд, ки ҷасадашон дар офтоб месӯзад. Чунин гузориш додааст дар бораи ҳаёти шаҳраки муҳоҷирони тоҷик дар сарҳади Қазоқистон шабакаи телевизионии «Astanatv».

Шарҳи ВКХ Тоҷикистон

Дар Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” маълумоти беш аз 2 моҳ дар сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон дармондани шаҳрвандони Тоҷикистонро рад карданд.

“То 17 май он ҷо ҳудуди 35 шаҳрвандони мо ҳузур доштанд, ки бо ҷойҳои корӣ ва макони зист таъмин буданд. Онҳо ҳеҷ мушкилие надоштанд. Баъди 17 май касе овоза паҳн кардааст, ки сарҳадҳо боз шуда, шаҳрвандони Тоҷикистон ба хонаҳояшон баргашта метавонанд. Пас аз ин одамон ба сарҳад омада, айни замон беш аз 200 нафар шаҳрвандони мо дар он ҷо мебошанд. Рӯзҳои наздик онҳо ба ватан баргардонида мешаванд”, - хабар доданд дар ВКХ ҷумҳурӣ.

Инчунин зикр шуд, ки ҷасади тоҷикистонии фавтида рӯзи 12 май ба ин ҷо оварда шуда, рӯзи дигар ба хок супурда шудааст.

Хаймаҳо аз бастаи партовҳо

Дар гузориши шабакаи телевизионии Қазоқистон яке аз дармондагон - Умар Ҳамидов нақл мекунад, ки онҳо барои қариб 100 кас хӯрок тайёр мекунанд.

“Тақрибан 100 нафар хӯрок хӯрда, боқимонда гуруснагӣ мекашанд. Ин ҷо ҳатто занони ҳомиладор ҳастанд. Онҳо аз бастаҳои (пакетҳо) партов хайма сохтанд. Кӯдакон ифлосанд. Бархе 20 рӯз шустушӯ накардаанд”, - мегӯяд ӯ.

Як ҳафта пеш ҷасади коргари тоҷикро аз Русия ба ин ҷо оварда, лекин гузаронидани онро сарҳадбонон иҷоза надодаанд.

Чанд рӯз ҷасад зери офтоб дар ҳамин қароргоҳ боқӣ мондааст.

“Ба ростӣ он бӯй мекард. Зеро ҷасад, агар шахс даргузарад, бӯй мекунад. Дар Жетисой бачаҳои мо онро ба хок супурданд”, - мегӯяд Ҳамидов.

Ба шаҳрвандони мо ихтиёриён кумак мекунанд. Онҳо ба ин ҷо маҳсулоту сарулибос меоранд. Лекин баъзан ҳамин ҳам намерасад. Онҳо мегӯянд, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳукумат кумак пурсидаанд. Пас аз ин намояндагони сафорат дар Қазоқистон омада, лекин чизеро ҳал карда натавонистаанд, шикоят мекунанд шаҳрвандон.

“Охир мо бо номи Тоҷикистон давлат дорем”

“Касе бояд ба мо кумак кунад. Охир мо бо номи Тоҷикистон давлат дорем. Чӣ, акнун мо ин мемонем?! Назди пайвандонамон баргаштан мехоҳем. Намояндагони мо ҳамеша як гап мегӯянд: “Интизор шавед”. Ин аллакай ба диламон задааст”, - мегӯяд Бегалӣ Ҳалқаров.

Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода дар суҳбат бо шабакаи телевизионӣ хабар додааст, ки баъди чанд рӯз шаҳрвандонро ба ватан бармегардонанд.

Айни замон дипломатҳо кӯшиш карда истодаанд, ки аз Ӯзбекистон барои гузаштани сарҳад иҷоза гиранд.

“Қазоқистону Душанбе иҷоза доданд. Ҳозир бо сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон мувофиқа карда истодаем. Фикр мекунам, ки рӯзҳои наздик, имрӯз ё пагоҳ розигӣ гирифта, онҳоро аз Жибек Жола ба шаҳри Хуҷанд мефиристем”, - гуфтааст сафир.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи март ВКХ Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҳамкорӣ бо ҷонибҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон ва талошҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии кишвар дар Тошканд, Нур-Султон ва Алмато барои аз тариқи долони нақлиётии автомобилӣ ба Ватан баргардонидани беш аз 1100 нафар шаҳрванди кишвар, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадии кишварҳои ҳамсоя дармонда буданд, мусоидат сурат гирифт.

Он замон Вазорат аз шаҳрвандон дархост намуда буд, ки бо дарназардошти вазъи бавуҷудомада, ба қадри имкон ҷойи зисти доимӣ ё муваққатии худро тарк накунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.