Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, сарвазири Қирғизистон ба истъфо рафт. Дар ин бора дар сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон хабар дода мешавад.

Дар муроҷиаташ вай гуфтааст, ба далели вазъи номуайяни пешомада дар робита ба шурӯи тафтиши фурӯши радиобасомадҳо истеъфо медиҳад ва намехоҳад, ин тафтишот монеи фаъолияти комили ҳукумат шавад.

Абилғозиев ҳамзамон илова кардааст, ки дар фурӯши басомадҳои радиоӣ нақше надорад ва айбҳое, ки нисбаташ садо медиҳанд, беасосанд. Абилғозиев гуфтааст, мақомоти тафтишотӣ то кунун ӯро бозпурсӣ накардаанд.

Сарвазири Қирғизистон рӯзи 27 май дар пайи ҷанҷоли фурӯши радиобасомадҳо бо арзиши ночиз ба рухсатии кӯтоҳмуддат баромад. Вай гуфт, ҳадаф аз ин рухсат "роҳ надодан ба овозаҳое дар бораи фишор овардани сарвазир ба ҷараёни тафтишот ва таъмини шаффофияти тафтишот аст". Айни ҳол ноиб-сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов фаъолияти ҳукумати Қирғизистонро пеш мебарад.

Муҳаммадқулӣ Абилғозиев 20 апрели соли 2018 сарвазир таъйин шуда буд. Таҳти роҳбарии вай 30-умин ҳукумати Қирғизистон ба фаъолият шурӯъ кард. Вакилони порлумони Қирғизистон чанде пеш, ки ҳисоботи соли 2019-и ҳукуматро баррасӣ мекарданд, гуфтанд, Абилғозиев аз шумори маҳдуди сарвазироне аст, ки умри ҳукуматаш бештар аз ду сол давом овардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.