Додгоҳи ноҳияи Первомайскии Бишкек собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро барои даст доштан дар коррупсия зимни озод кардани ҷинояткори маъруф Азиз Батукаев ба 11 солу 2 моҳи зиндон маҳкум кард. Дар ин бора имрӯз, 23-юми июн хабаргузории РИА Новости иттилоъ додааст.

“Суд Отамбоевро гунаҳкор эътироф намуда, қарор кард, ки ба ӯ ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 2 моҳ бо мусодираи мукофотҳои давлатӣ ва амвол таъин карда шавад”, - қироат кардааст ҳалномаи худро додрас.

Мурофиаи судӣ пушти дарҳои пӯшида баргузор шуд.

Ба гуфтаи адвокат Сергей Слесарёв, зерҳимояи ӯ Отамбоеви 64-сола аз суханронии ниҳоӣ дар суд худдорӣ кард. Ҳамаи иштирокчиёни парванда, ки дар бораи ҳамкорӣ созишнома бастаанд, ба гуноҳашон иқрор нашудаанд.

Адвокат хабар додааст, ки айбдоркунандаи давлатӣ қаблан аз суд дархост кардааст, амволи Отамбоев, ҳамаи хешовандони ӯ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ мусодира карда шавад.

Аввали моҳи августи соли 2019 дар Кой-Тош дастаи таъиноти махсуси КДАМ зимни ҳамла собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро боздошт карда буд. Ҷонибдорони ӯ кӯшиш карданд, ки дар маркази Бишкек гирдиҳамоӣ ва бетартибиҳо барпо кунанд.

Аммо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муяссар шуд, ки вазъиятро зери назорат нигоҳ доранд. Ӯ боздошт гардид. Рӯзи 9-уми августи соли гузашта ба собиқ президент аз рӯйи парвандаи озод кардани Батукаев айбнома пешниҳод шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.