Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод. Ӯ дар як муроҷиатнома ба мардуми Қирғизистон, ки чанд лаҳза пештар нашр шуд, гуфт бар асари ташдиди вазъи сиёсии кишвар истеъфо мекунад.
Матни расмии истеъфои Жээнбековро дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии ин кишвар паҳн кардааст. Дар он гуфта мешавад:
"Ҳамватанони азиз!
Вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ дар пойтахти кишвари мо Бишкек шадид боқӣ мемонад.
Дирӯз Жогорку Кенеш (Маҷлиси намояндагон) ҳайати ҳукуматро таъйид кард, ман фармони президентро дар бораи ин таъинот содир кардам. Вале ин вазъро сабук накард. Мутаассифона, таҳоҷум ҳамчунон идома дорад, талаби истеъфои сареи ман давом дорад.
Вазъи ҳозир наздик ба низоъи дуҷониба аст. Аз як сӯй - эътирозгарон, аз сӯйи дигар - мақомоти қудратӣ. Низомиён ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муваззафанд, ки барои ҳимояи қароргоҳи президент аз силоҳ истифода бибаранд. Дар ин сурат хунрезӣ мешавад. Ман ҳамаи тарафҳоро даъват мекунам, ки ба иғвоҳо дода нашаванд.
Ҳамватанони азизи ман!
Барои ман сулҳ дар Қирғизистон, тамомияти кишвар, ваҳдати мардум ва оромӣ дар ҷомеа болотар аз ҳама чиз аст. Барои ман чизе арзишмандтар аз ҷони як ҳамватанам нест. Ман барои ҳифзи қудратам талош намекунам. Намехоҳам дар таърихи Қирғизистон раисҷумҳуре бошам, ки хун резонд ва ба сӯйи шаҳрвандони худаш тир андохт.Аз ин рӯ, тасмим гирифтам истеъфо кунам.
Аз Жапаров ва сиёсатмадорони дигар даъват мекунам, ки ҷонибдоронашонро аз пойтахти кишвар берун бикашанд ва зиндагии оромии бишкекиёнро баргардонанд. Ҳеҷ ҳукумате болотар аз тамомияти кишвари мо ва ризоят дар ҷомеа нест. Худованд ҳамаи моро нигаҳбон бошад, бигзор сулҳу оромӣ дар хоки мо ҳукмфармо бошад!"
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар Кӯшониён аз беназоратии волидон духтарчаи 4-сола ғарқ шуд
“Бародараш дар Сурия аст, худ ба Тоҷикистон омаданӣ буд”. Падари як гумонбари ҳамла ба “Крокус” боз чӣ гуфт?
Ҳалокати 5 нафар дар роҳи Душанбе - Чаноқ. Кӯдак ба таври муъҷизанок зинда монд
“Қарзи инсонии худро иҷро кардем”. Чӣ гуна тоҷикон шаҳрвандони Русияро наҷот медиҳанд?
Падари Исломовҳо аз болои қарори ҳабсашон тибқи парвандаи “Крокус” шикоят бурд
Худкушии як донишҷӯ дар хобгоҳ. Ин ҳодисаи дуввуми марги донишҷӯ дар ДДХ давоми ду ҳафтаи охир аст
Кумитаи тафтишоти Русия аз боздошти боз як гумонбари ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар дод
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста