Узбекистон тасмим гирифтааст шумораи мактабҳои олии хусусиро зиёд кунад. Ибтидо аз 1 сентябри соли 2021 дар ҳар вилояти ин кишвар ҳадди ақал як донишгоҳи хусусӣ бунёд мешавад. Ин тасмими давлатро Узоқбой Бегимқулов, муовини вазири маорифи ин кишвар дар як нишасти хабарӣ расонаӣ кардааст.
Дар иттилоияи расмии Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Узбекистон дақиқ гуфта нашудааст, ки дар ин кишвар чӣ қадар донишгоҳи ғайридавлатӣ бунёд мешавад.
Тавре Бегимқулов гуфт, агар дар шаҳри Тошканд, Қароқалпоқистон ва 12 вилояти Узбекистон яктоӣ донишгоҳ бунёд шавад, пас дар 1 сол дасти кам 14 донишгоҳи ғайридавлатӣ дар ин кишвар таъсис дода хоҳад шуд. Расонаҳо дар бораи таъсиси донишгоҳҳои хусусӣ дар Узбекистон бори нахуст ду сол пеш иттилоъ дода буданд.
Тибқи як оморе, ки соли гузашта нашр шуда буд, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама беш дар Қирғизистону Қазоқистон мактабҳои олии хусусӣ мавҷуданд. Дар Тоҷикистону Узбакистону Туркманистон ин навъи мактабҳои олӣ нестанд.
Дар Тоҷикистон чанд бор талошҳои барои ташкили ин гуна мактабҳои олӣ сурат гирифт, ки ин ниҳодҳо баъди чанд соли фаъолият ё барҳам дода шуданд ё давлатӣ гардиданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста