Дар маркази савдои шаҳри Самарқанд воқеъ дар кӯчаи Мирзо Улуғбек шоми 20 ноябр марде ҳамсари худ ва маъшуқашро назди бошандагони ин марказ кушт, хабар медиҳад Podrobno.uz бо истинод ба шабакаи телевизионии STV.

Ба иттилои манбаъ, марди тахминан 40-сола ба марду зан бо корд ҳамла мекунад, ки дар натиҷа онҳо захмҳои ҷиддӣ гирифта, аз хунравии зиёд ҳалок шудаанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, сокини 42-солаи ноҳияи Пастдарғом ҳамсари худро ҳангоми бо маъшуқи эҳтимолиаш ба марказ даромадан пайгирӣ намуда, бо ёдоварӣ аз саргузашти пешин ва муносбатҳои ошиқонаи занаш, аз ҳиссиёти рашк ҳар дуи онҳоро пеши чашми ҳама ба қатл расонидааст.

Тавре сухангӯи Прокуратури генералӣ Ҳаёт Шамсутдинов хабар додааст, аз рӯйи ин далел рӯзи 20 ноябр дар прокуратураи шаҳри Самарқанд мутобиқи б. “а”,қ. 2, моддаи 97 КҶ Ӯзбекистон (Одамкушии барқаасдона) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.