Дар Ӯзбекистон аз 15 март ҳатман супурдани экспресс-тестро ба коронавирус барои мусофироне, ки ба ин кишвар аз хориҷа тариқи фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан ё гузргоҳҳои сарҳадӣ ворид мешаванд, бекор мекунанд, хабар медиҳад Podrobno.uz.

Комиссияи махсуси мубориза бо коронавируси Ӯзбекистон дар ин бора қарори дахлдор қабул кард.

Мувофиқи қоидаҳои нав, шахсоне, ки тариқи роҳи ҳавоӣ, оҳан ё заминӣ ба Ӯзбекистон меоянд, бояд маълумтнома (справка) дар бораи сироят надоштан аз коронавирус (танҳо бо методи ПЦР), ки тайи 72 соати охир дода шудааст, дошта бошанд. Натиҷаҳои тест барои ҳамаи воридшавандагон бояд бо забони англисӣ ё русӣ дарҷ шуда бошад.

Ғайр аз ин, комиссияи соҳавӣ ба вазорату идораҳои соҳавӣ дастур додааст, ки то 25 март рӯйхати на камтар аз 10 озмоишгоҳро дар кишварҳо тартиб диҳанд, ки ба онҳо ҷиҳати гирифтани тест дар хориҷа иҷоза дода мешавад. Дар Ӯзбекистон танҳо натиҷаҳои тести ин муассисаҳои тиббӣ эътироф карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 октябри соли гузашта Ӯзбекистон сарҳадҳояш, аз ҷумла марзҳои заминияшро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бо риояи қоидаҳои муайян боз кард.

Ситоди фаврии ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавируси Ӯзбекистон қарор кард, ки минбаъд зимни убури қаламрави ин кишвар шаҳрвандон бояд экспресс-тести пулакӣ супоранд. Арзиши супурдани тест 95 ҳазор сӯм (андаке зиёдтар аз 9 доллар) буда, он аз ҳисоби худи мусофирон пардохт мешавад.

Қобили зикр аст, ки алоқаи ҳавоӣ байни Душанбе ва Тошканд аз 20 январ барқарор шуд. Рӯзҳои чоршанбеи ҳафта ширкати ҳавопаймоии «Uzbekistan Airways» парвозҳо анҷом медиҳад. Аз 29 январ ширкати ҳафвопаймоии “Сомон Эйр” низ ба иҷрои парвозҳо ба пойтахти Ӯзбекистон ҳафтае як маротиба рӯзи ҷумъа оғоз кард.

Шаҳрвандони кишварҳо тариқи роҳи заминӣ низ равуо карда метавонанд, лекин танҳо шаҳрвандоне, ки дар мактабҳои олии Тоҷикистон ё Ӯзбекистон таҳсил мекунанд; шаҳрвандоне, ки дар қаламрави кишвари ҳамсоя ҳамсар ё фарзандонашон ҳузур доранд ва шаҳрвандоне, ки барои убури сарҳад аз Ситодҳои ҷумҳуриявии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба  муқовимат бо коронавирус иҷозаи хаттии дахлдор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.