Дар Ӯзбекистон ду шаҳрванд боздошт шудаанд, ки бо зӯриву таҳдиди куштан аз шаҳрвандони Тоҷикистон пул гирифтанӣ хостаанд.

“Рӯзи 2 апрел соати 17:00 Муҳаммад Х.-и 30-сола ва Ҷаҳонгир У.-и 36-сола шаҳрвандони Тоҷикистон - Ҷамшедҷони 33-сола ва Валӣ М.-и 37-соларо ба макони беодам воқеъ дар деҳаи Кирки ноҳияи Учкуприки вилояти Фарғона бурда, бо лату кӯб ва таҳдиди куштан аз онҳо баргардонидани қарзашонро аз шиноси онҳо Мақсудҷони 26-сола талаб кардаанд”, - хабар медиҳад департаменти тафтишоти назди ВКД Ӯзбекистон.

Дар маълумот зикр мегардад, ки дар ҷараёни санҷиши то тафтишот маълум шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз сокини ноҳияи зикршуда Мақсудҷон А. ба маблағи умумии 7 ҳазору 200 доллар маҳсулоти нассоҷӣ харида, лекин то ҳол пули маҳсулоти харидаашонро пардохт накардаанд.

Мақсудҷон А. дар ин бора ба шиносҳояш хабар дода, аз онҳо дархост мекунад, ки бо харидорони хориҷӣ гуфтугӯ карда, онҳоро тарсонанд, то ки пулро пардохт кунанд.

Аз рӯйи ин далел нисбат ба Муҳаммад Х. Ва Ҷаҳонгир У. дар шуъбаи тафтишоти назди ВКД ноҳияи Учкуприки вилояти Фарғона мутобиқи моддаи 112, қ.1-и Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон (Таҳдиди куштан ё бо истифодаи зӯроварӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳо боздошт шуданд.

Айни замон ҳамаи ҳолатҳои ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор гирифта, дар ҷараёни тафтишот ба амали ҳар кадоме аз иштирокчии он баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад, хабар медиҳад департаменти тафтишоти назди ВКД Ӯзбекистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.