Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон раисии порлумони ин кишвар - Халқ Маслаҳатиро соҳиб шуд. Маросими эъломи раиси нави порлумон рӯзи 14 апрел баргузор гардид, хабар медиҳад Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад

Бердимуҳаммадов дар нахустин ҷаласаи порлумон шахсан эълом кардааст, ки вай раиси Халқ Маслаҳатӣ таъйин шудааст.

Пештар аз ин расонаҳо  хабар дода буданд, ки ӯ узви порлумони Туркманистон интихоб шудааст.

Бердимуҳаммадови 63-сола аз вилояти Ахали кишвараш дар палатаи болоии порлумон намояндагӣ мекунад. Ба ин тартиб, Бердимуҳаммадов ҳамзамон ҳам раиси ҳокимияти қонунгузор ва ҳам раиси ҳокимияти иҷроияи Туркманистон шуд. Бердимуҳаммадов инчунин раиси ҳукумат, яъне сарвазири Туркманистон ба ҳисоб меравад.

Дар рӯйхати 111 даъвогари курсиҳои палатаи болоии порлумони он кишвар, ки рӯзи 1 март нашр шуд, номи Бердимуҳаммадов зикр наёфта буд. Аммо Комисияи марказии интихоботии он кишвар хабар дод, ки "барои узвият дар Халқ Маслиҳатӣ" 112 номзад сабти ном шуда буд. Зоҳиран, номи президенти Туркманистонро дар лаҳзаҳои охир шомил кардаанд.

Тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи он кишварро, ки моҳи сентябри соли гузашта ворид карданд, коршиносон талоши интиқоли қудрат унвон мекунанд.

Сардор Бердимуҳаммадов, писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов айни ҳол ноиб-сарвазир ва раиси Палатаи олии назоратии Туркманистон, ҳамчунин узви Шӯрои амниятии он кишвар аст. Коршиносон аз ӯ ба унвони ҷойнишини падар ёд мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.