Раёсати амнияти вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон аз боздошт ва мусодираи миқдори зиёди маводи мухаддире хабар додааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод аз Тоҷикистон ба ин кишвар қочоқ шудаанд. Дар пайи ин дар ин кишвар нафарони зиёде боздошт шудаанд, ки дар миёнашон як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст. 

Бино ба навиштаи Оҷонсии миллии хабарҳои Ӯзбекистон Хадамоти амнияти давлатӣ дар вилояти Сирдарё  дар як амалиёт чанд далели қочоқи маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба ин кишварро ошкор кардаанд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки кормандони умури дохилӣ мошинеро дар роҳ аз ноҳияи Бекобод ба ноҳияи Букаи вилояти Тошканд боздошт кардаанд, ки аз дохили мошин 1 кг 879 гр  доруи синтетикии "амфетамин",  1 кг 822 гр "афюн" ва 3 кг 972 гр“ҳашиш” дарёфту мусодира шудааст. Гуфта мешавад, ки ин маводи мухаддир марбут ба мусофири мошин, шаҳрванди Тоҷикистон Муллоҷон Ҳомидчонов, сокини ноҳияи Мастоҳи вилояти Суғд будааст.

Инчунин Хадамоти амнияти давлатӣ ва Раёсати корҳои дохилии Ӯзбекистон зимни як амалиёти дигар як сокини қаблан маҳкумшудаи вилояти Намангон Нодирбек Нишоновро боздошт кардаанд, ки ҳангоми фурӯши 1 кг “ҳашиш” ба маблағи 14 ҳазор доллари амрикоӣ ба даст афтодааст.

Ин миқдор маводи мухаддирро як шаҳрванди доғи суди доштаи Қирғизистон Яъқуб Юсуфҷонов бо роҳи гардиш аз қаламрави Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ворид карда, дар хонаи сокини дигари вилояти Намангон Дилшод Бойхонов пинҳон кардааст. Ҳангоми кофтуков аз хонаи ин шаҳрванди Ӯзбекистон 802 гр “афюн” ва 2 кг 917 гр  “ҳашиш” дарёфту мусодира шудааст.

Кумитаи амнияи давлатии Ӯзбекистон дар як хабарнома нархии умумии маводи мухаддири мусодирашударо 100 ҳазор доллари ИМА гуфтааст.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар ин бора иттилои расмие надодаанд. Як манбаъ аз Хадамоти гумруки Тоҷикистон  дар вилояти Суғд дар мавриди ин қазия ба "Азия-Плюс" изҳори бехабарӣ кард. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.