Қирғизистоон бар пайи даргириҳои ахирӣ марзӣ бо Тоҷикистон тасмим гирифтааст як гуруҳ рӯзноманигорони расонаҳои ҷаҳониро ба вилояти Бодканд даъват кунад.

Рӯзноманигорон аз мавзеъҳое дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дидан мекунанд, ки дар натиҷаи муноқишаи марзӣ зиён диданд. Дар ин бора Галина Байтерек, сухангӯи президенти Қирғизистон иттилоъ дод.

"Мо рӯзноманигоронро ба он хотир ба он ҷо мебарем, ки иттилои ростинро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонем. Дар ҷои ҳодиса он чиро ки гузашт, ба рӯзноманигорон нишон медиҳему шарҳ медиҳем. Онҳо бо чашмони худ ҳама чиро мебинанд ва хулоса мебароранд", - гуфт Байтерек.

Ба гуфтаи вай, 26 рӯзноманигор аз 20 расона, ки 10 расонаи он байналмилалӣ аст, барои рафтан ба Бодканд сабти ном кардаанд.

Қариб 504 км марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ ношуда боқӣ мондааст ва ин омил боиси сар задани даргиву баҳсҳои калоне дар ин авохир шуда истодааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 3-юми май эълон кард, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ, дар муноқишаи ахири марзӣ дар ҳудуди се ҷамоати Исфара 14 хона комилан ва 2 манзили зист қисман вайрон шуданд. Як иншооти ёрирасон низ зарар дидааст. Ҳамзамон қисман як мактаби миёна ва хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тахриб гардидааст.

Раиси вилояти Суғд гуфт, хонаҳои вайроншударо то як моҳи дигар месозанд.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар натиҷаи муноқиша дар марз бо Тоҷикистон 78 манзил, ду мактаб, як нуқтаи тиббӣ, се дидбонгоҳи марзӣ, як боғча, 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, бинои шуъбаи корҳои дохилӣ ва 8 мағоза оташ гирифтааст. Онҳо гуфтанд, хонаҳоро то тирамоҳ барқарор мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.