Қоҳир Расулзода дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ барои ширкат дар ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Тошканд рафт.

Қарор аст рӯзҳои 14-15-уми май дар Тошканд ин ҷаласа баргузор шавад. Ба ҳайтаи Тоҷикистон рҳбарони бахши иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон шомиланд.

Гуфта мешавад дар доираи ин барнома ҳайати Тоҷикистон бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии Тошканд аз наздик шинос мешаванд. Дар назар аст пас аз ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳуҷҷатҳои дуҷониба ба имзо расанд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Ӯзбакистон ва Тоҷикистон 29 сентябри соли 2020 дар Душанбе доир шуда буд.

Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ин ду кишвари ҳамсоя дар пасманзани ташрифи қарибулвуқӯи президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон баргузор мегардад. Интизор меравад Шавкат Мирзиёевбо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 10-12 июн ба Душанбе бо сафари расмӣ ташриф орад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.