Дар вилояти Чуйи Қирғизистон ду занро бо гумони таблиғи зидди тоҷикон дастгир кардаанд. Мақомоти Қирғизистон 24-уми май гуфтанд, ки ин занҳо тавассути Whatsapp сокинони деҳаи Чалдовари ноҳияи Панфиловро "барои халос шудан аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" даъват мекарданд.
Бино ба иттилои бахши қирғизии "Озодӣ" дар оғоз ин занҳо ба “майдаавбошӣ” муттаҳам буданд, вале тафтишот онҳоро ба барангехтани кинаву адовати байни миллатҳо муттаҳам кардааст.
Пулиси Қирғизистон гуфтааст, яке аз занон 23-сола ва дигаре 20-сола буда, рӯзи 22-юми май дастир шуданд ва ҳоло дар ҳабси пешакӣ ҳастанд.
Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона рӯй дод. Мақомоти Тоҷиктсон гуфтанд, ки дар ин ҳодиса 19 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон дар бораи 36 кушта ва 154 маҷрӯҳ хабар дод.
Дирӯз, сарвазири Қирғизистон Улуғбек Марипов дар саҳифаи расмияш дар Фейсбук навишт, ки Қирғизистон то ҳалли шудани мушкилот бо Тоҷикистон равуои марзӣ бо ин кишварро комилан қатъ мекунад. Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар ин маврид вокунише накардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста