Қирғизистон эълон кардааст, ки қирғизҳои бумии Афғонистонро, ки аз тарси гуруҳи "Толибон" рӯзҳои 13-14-уми июл ба Тоҷикистон фирор кардаанд, берун мебарад. Дар ин бора торнамои қирғизии “АКИpress” бо такя ба изҳороти Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар хабар додааст.

Ҳарчанд гуфта нашудааст, ки ин фирориёнро ба кадом бахше аз Қирғизистон мебарад, вале пештар аз ҳамлаи "Толибон" ҳам ҳукумати ин кишвар гуфта буд, ки тамоми қирғизҳои бумии Афғонистонро ба кишвари таърихияшон бармегардонад.

Манбаъ менависад, ки ВКХ ин кишвар гуфтааст, ки аввалин маълумот дар бораи убури марзи Тоҷикистон аз ҷониби қирғизҳои бумии Помири Хурди Афғонистонро, рӯзи 12 июл аз сафири Қирғизистон дар Кобул гирифта шудааст.

Баъдтар сафорат бо намояндаи қирғизтаборон тамос гирифта, тасдиқ кардааст, ки қирғизҳои афғон воқеан ба сӯи деҳаи Қизилработи ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ҳаракат кардаанд,-омадааст дар изҳорот.

Хабари ба Қирғизистон бурдани ин фирориён дар ҳолест, ки 12 июли соли равон Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Дафтари минтақавии Комиссари Олии СММ дар умури гурезагон дар Осиёи Марказӣ ва намояндагии ин Дафтар дар Қирғизистонро дар бораи вазъи муваққатии ин гурезаҳо дар Тоҷикистон хабардор кард ва дархост карда буд, ки дар ташкили баргардонидани онҳо аз Тоҷикистон ба Қирғизистон кӯмак намоянд.

Ба ҷуз ин, Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо дархости кумак дар ҳаракати бемамониати ин фирориён ба посгоҳҳои марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон нота фиристодааст.

Ҳамчунин ин дархостро рӯзи 13 июл дар доираи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар Душанбе, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Н.Ниёзалиев низ кардааст. 

 - Ин масъала таҳти назорати президент ва Девони вазирони Қирғизистон қарор дорад. Ба мақомоти давлатии Қирғизистон супоришҳои дахлдор дода шудааст. Айни замон, Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон бо Ҳукумати Тоҷикистон ва Комиссари Олии СММ дар умури гурезагон дар мавриди берун овардани минбаъдаи ин фирориён ба қаламрави Қирғизистон корҳои дахлдорро анҷом дода истодааст,- таъкид шудааст дар изҳороти мазкур.

Ёдовар мешавем, ки тайи ду рӯзи охир, 347 қирғизи бумии Афғонистон аз тарси Толибон ба ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон фирор карданд. Рӯзи 13-уми июл 77 қирғизи фирории бумии Афғонистон бо чорвои хонагии худ, аз ҷумла 1000 сар чорвои майда, 300 сар қутос, 3 шутур ва 30 аспро низ оварда буданд.

Ҳамин тариқ, рӯзи 14-уми июл боз 270 қирғизи бумии Афғонистон аз деҳаи Андемини вулусволии Вахон ё минтақаи Помири Хурди вилояти Бадахшони Афғонистон аз тарси "Толибон" ба ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон фирор карданд.

Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд,  ки ҳангоми фирор ба ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон ду кӯдаки ин фирориён дар роҳ фавтидааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи ин ниҳод аз ин фирориён 3,5 кг маводи мухаддир дарёфт ва мусодира шудааст. 

Ҳоло ин фирориён дар мавзеъҳои Чоштеппа ва Дуютуки ҷамоати деҳоти Қизил-работи ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҷо ба ҷо шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.