То оғози соли нави таҳсил се ҳафта боқӣ мондааст. Аммо, дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ вобаста ба вазъи эпидемилогӣ, дар бораи кай оғоз гардидани таҳсилу дар кадом шакл гузаштани дарсҳо тасмим гирифта мешавад.

Қазоқистон

Дар Қазоқистон таҳсил дар шакли анъанавӣ гузаронида шуда, соли нави хониш аз 1 сентябр оғоз мегардад, хабар медиҳад 24.kz.

Танҳо дар сурати ваксина гирифтан, ба омӯзгорон иҷозаи дарс додан мешавад.

Ба вазоратҳои маориф, тандурустӣ ва ҳукуматҳои вилоятҳо супориш дода шудааст, ки дар соли нави хониш дар муассисаҳои томактабӣ ва миёна, инчунин коллеҷу макотиби олӣ таълими рӯзонаро ба роҳ монанд.

Сарвазири Қазоқистон супориш додааст, ки то 25 август 100% ваксинзании омӯзгорон ва кормандони техникиро таъмин кунад, ба истиснои шахсоне, ки бемориҳои музмин доранд ва то 20 август - қабули мактабҳоро мувофиқи талаботҳои санитарӣ ба анҷом расонанд.

Қирғизистон

Соли нави таҳсил дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон аз 15 сентябр оғоз мешавад, хабар медиҳад АКИpress.

Қарор дар бораи ба таъхир гузоштани оғози соли хониш ба муҳлати 15 рӯз бо мақсади мутобиқи вазъи эпидемиологии кишвар тадриҷан ба таълими зинда (офлайн) гузаштан ва таъмини сифати таълим қабул шудааст.

Вазорати маориф ва илми Қирғизистон изҳор доштааст, ки ҳангоми барқарор намудани раванди таълим дар шакли анъанавӣ, бояд масъалаҳои солимии аҳолӣ, афзалияту хавфҳои чунин шакл ва омилҳои дигар ба инобат гирифта шаванд.

Ӯзбекистон

Дар Ӯзбекистон мактабхонӣ ба таври гибридӣ ё дар шакле идома хоҳад ёфт, ки қимате аз хонадагон дар мактабу қисми дигар дар хонаҳо таҳсил мекунанд, хабар медиҳад Gazeta.uz.

Вобаста ба вазъи эпидемиологӣ, баъзе мактабҳо метавонанд баста шуда, ба таълими фосилавӣ гузаронида шаванд.

Дар чунин ҳолатҳо толибилмон таҳсили худро муваққатан дар хона идома медиҳанд. Барои таълими фосилавӣ пахши дарсҳо тариқи шабакаҳои телевизионии Ширкати миллии телевизиону радио тибқи лоиҳаи “Мактаби онлайн” дар соли нав ҳам идома хоҳанд ёфт.

Тоҷикистон

Оғози расмии соли хониш дар Тоҷикистон 1 сентябр муқаррар шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Эҳсон Сафарзода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, барои хонандагони синфи якум аз 9 август дарсҳои мутобиқшавӣ оғоз шуда, соли хониш барои синфҳои дигар аз 1 сентябр оғоз мешавад.

«Хонандагоне, ки имсол ба синфи якум мераванд, бо мақсади мутобиқшавӣ ба барномаи таълимӣ аз 9 август ба таҳсил ҷалб карда мешаванд. Давраи мутобиқшавӣ то 20 август идома ёфта, аз 1 сентябр онҳо мисли дигар синфҳо ба таҳсил шурӯъ мекунанд”, - гуфт Эҳсон Сафарзода.

Ба гуфтаи номбурда, барномаи мутобиқшавӣ ва омодагии хонандагони синфи якум қаблан аз 1 август оғоз мешуд, аммо имсол бинобар пандемия, вазорат ин рӯзро ба вақти дигар гузаронид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.