Ӯзбекистон ба шаҳрвандони кишвараш иҷоза дод, ки метавонанд аз биржаҳо криптовалюта ё рамзарзро бихаранд. Вале тиҷорати озодона бо рамзарзҳо танҳо бо сӯм ва аз сӯйи шаҳрвандони Ӯзбекистон иҷозат ҳасту халос. Дар ин бора nuz.uz хабар медиҳад. 

Бар асоси тағйироте, ки Ӯзбекистон барои муоимлот ва тиҷорат бо рамзарз ворид кардааст, акнун ҳамаи шаҳрвандони ин кишвар иҷоза доранд, ки бо рамзарзҳо ҳамаи амалётҳоро бо арзи миллӣ анҷом диҳанд. Аммо онҳо ҳақ доранд ба онҳое, ки шаҳрванди ин кишвар нестанд рамзарзҳоро бо арзи хориҷӣ бифурӯшанд. 

Ба ҷуз ин, ҳамчунин мушаххасоти токен (рамзарз) ва амалётҳои марбут ба он, бо шумули нашр, ҷогузорӣ ва сабти номи он мушаххас шудааст. Гуфта шудааст, ки токенҳоро танҳо субъектҳои тиҷоратие, ки сабти номи пешбинишударо барои ҷалби сармоя ва маблағгузорӣ гузаштаанд, метавонанд интишор диҳанд. 

Ҳамаи рамзарзҳое, ки дар криптобиржаҳои Ӯзбекистон фурӯхта мешаванд, бояд дорои пуштивонаи дороӣ бошанд. Интишору ҷогузории токенҳое, ки пуштивонаи дороияшон таъмин нашудааст, манъ аст.  

Биржаҳои рамзарзҳо муваззафанд, ки ташкилотҳоеро, ки токенҳояшонро онҷо мегузоранд тафтиш кунанд ва пуштивонаи дороиҳои онро бисанҷанд. Ҳамчунин бояд на камтар аз 10%  маблағе, ки барои ҷалб ба нақша гирифта шудааст бояд ба суратҳисоби махсуси биржаҳои рамзарзҳо ворез шаванд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.