Ҳукумати сарпарасти Толибон аз ҳукумати Қазоқистон ва эътирозгарони ин кишвар хост, ки мушкилоти мавҷудро аз роҳи гуфтугӯ ҳал намоянд. Дар ин бора сухангӯи вазорати умури хориҷии Толибон, Абдул Қаҳҳор Балхӣ дар Твиттери худ хабар дод.
"Имороти исломии Афғонистон аз ҳукумат ва муътаризон таваққӯъ дорад, ки мушкилоти кунуниро аз роҳҳои гуфтугӯ ва мусолиматомез ҳал намоянд то суботу оромиш ба он кишвар баргардад".- навиштааст Балхӣ дар Твиттер.
Дар пайванд ба даргириҳои чанд рӯзи ахир дар Қазоқистон ӯ навиштааст, ки "Афғонистон вазъияти ҷорӣ дар Қазоқистонро аз наздик зери назар дорад ва ба ҳайси як кишвари ҳамсояи наздик, ва шарики тиҷоратӣ аз нооромиҳои ахир нигарон аст".
Ёдовар мешавем, ки тазоҳуроте, ки рӯзи якшанбе дар Жанаозен (шаҳри вилояти Мангистау дар ғарби Қазоқистон) алайҳи болоравии қимати гази моеъ оғоз шуд, ба гирдиҳамоиҳо дар саросари кишвар боис гардид.
Дар як қатор шаҳрҳои Қазоқистон мардум ба дастгирии эътирозгарон дар Жанаозен ба кӯчаҳо баромаданд. Ба ғайр аз талаби поин бурдани нархи гази моеъ, онҳо дар мавриди беҳбуди некӯаҳволии мардум, истеъфои ҳукумати феълӣ ва ғайра низ талабҳо пешниҳод намуданд. Дар бузургтарин шаҳри кишвар - Алмато бетарибиҳои оммавӣ оғоз шуданд.
Раисҷумҳури Қазоқистон Қоисм-Ҷомарт Тоқаев аз Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ даъват кард, ки барои ба эътидол овардани вазъ неруҳои посдори сулҳашро бифристад ва дирӯз СПАД эълон кард, ки нахустин неруҳои посдори сулҳ аз Русия аллакай вориди Қазоқистон шудаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста