Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дод, ки дар нооромиҳои ахири ин кишвар 164 нафар ҳалок шудааст, менависад Фергана.
Гуфта мешавад, дар шаҳри Алмато 103 нафар, аз ҷумла ду кӯдак, дар вилояти Қизилорда - 21 нафар, дар Ҷамбул - 10 нафар ва дар вилояти Алмато - 8 нафар кушта шудаанд. Вазорат дар бораи дар кадом вилоят кушта шудани боз 22 нафари дигар маълумот надодааст.
Дар ВКД Қазоқистон хабар додаанд, ки дар ҷараёни эътирозҳо 7 корманди пулис, аз ҷумла хизматчиёни қатории 18 ва 19-сола кушта шудаанд.
Sputnik.KZ хабар медиҳад, ки зимни бетаритибиҳои оммавӣ дар Қазоқистон ҳудуди 400 хизматчии Гвардияи миллӣ осеб дида, 394 нафри онҳо ҷароҳат гирифтаанд. Зиёда аз 90 адад техникаи ҳарбии ин ниҳод осеб дидааст.
Дар Қазоқистон рӯзи 10 январ ба хотири қурбониён дар ҷараёни нооромиҳо рӯзи мотами умумимиллӣ эълон шуд.
Иҷрокунандаи вазифаи муовини вазири мудофиаи Қазоқистон Султон Камалетдинов гуфтааст, вазъият дар қаламрави кишвар ба эътидол омада, зери назорати мақомоти давлатӣ қарор дорад.
Тибқи маълумоти маркази пайгирии вазъи Қазоқистон, неруҳои псодори сулҳ иншооти муҳими давлатӣ ва иҷтимоиро дар Алмато ва мавзеи гирду атрофи он посбонӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, зери ҳимоят қарор гирифтани иншооти стратегӣ имкон дод, ки неруҳои бештари сохторҳои қудратии Қазоқистон ба мубориза бо террористҳо сафарбар шаванд.
Сухангӯи президенти Қазоқистон Берик Уалӣ дар барномаи “Хабар 24” изҳор намудааст, ки неруҳои СПАД дар кишвар ба муддати тӯлонӣ боқӣ намемонанд.
Вай зикр кардааст, ки неруҳои СПАД эҳтимол як ҳафта дар Қазоқистон бимонанд.
“Вазифаи асосии нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи СПАД ҳифзи иншооти муҳими стратегӣ мебошад. Азбаски иншооти стратегӣ зери ҳимояи нерӯҳои СПАД қарор дорад, Қувваҳои Мусаллаҳи мо, аз ҷумла Гвардияи миллӣ ва дигар неруҳо ба маҳви террористон дар Алмато ва як қатор минтақаҳои дигар сафарбар шуданд. Яъне иншооти стратегии мо зери посбонии низомиёни СПАД қарор гирифта, қувваҳои мо дар маҳви террористон ширкат доштанд. Ин барои мо ёрии калон аст”, - изҳор доштааст Уали.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста