Раиси Хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон Адилет Кубаничбеков бо гумони фасодкорӣ боздошт шуд. Дар ин бора Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) рӯзи 17 январ хабар дод.
Кумитаи амнияти кишвари ҳамсоя хабар додааст, ки "аз фасодкории густарда дар хадамоти гумрук иттилоъ дарёфт шуд, ки роҳбарият ва сардорони бахшҳои гумрук ба он даст доранд".
КДАМ гуфт, роҳбарияти Хадамоти гумрук манфиати ширкатҳои хусусиеро бароварда мекард, ки аз хориҷ мол меоварданд ва дар ивази пора барои онҳо имтиёзи гумрукӣ медод.
Мақомот нисбати раиси Хадамоти гумрук бо моддаи "фасодкорӣ" парванда боз кардаанд.
Адилет Кубаничбекови 40-сола 26 октябри соли 2021 ба ин мақом таъйин шуда буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Сохтмони Театри Маяковский моҳи май оғоз мешавад ва хароҷоти онро Русия ба зимма гирифтааст
Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?
Ба имтиҳонҳои муҳоҷирон дар Русия метавонад тағйирот ворид шавад
Президенти Ӯзбекистон имрӯз ба Душанбе меояд
“Қадаш як ваҷаб аст, автоматро қапида наметавонист”. Сӯҳбати озоди волидони Далерҷон Мирзоев бо хабарнигорон
Дар Тоҷикистон “ҷодугарону муллоҳои тӯмордеҳ”-ро рӯйхат мекунанд
Туркия ба Тоҷикистон барои харидории бесарнишин $1,5 млн ва барои таълими низомиёни тоҷик $62 ҳазор медиҳад
Боздошти капитани милитсия бо 20 ҳазор сомонӣ пора
Дар Тоҷикистон мехоҳанд боз як қонун қабул кунанд. Он ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ то куҷо мусоидат мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста