Дар беморхонаҳои Туркманистон аз беморон талаб доранд, ки либоси миллӣ пӯшанд. Тартиби нав ба ҳамаи беморон, сарфи назар аз миллият, дахл дорад.

Аз занҳои бистарӣ талаб шудааст, ки куртаҳои доманвасеъ пӯшанд ва рӯймол банданд.

Мардони бистарӣ бояд куртаҳои сафеди пахтагини остинкӯтоҳ ва шимҳои сиёҳи туркманӣ ба бар кунанд. Ин либосҳоро беморон бояд бо худ биоранд.

Сокинон мегӯянд, агар беморон ин либосҳоро бо худ надошта бошанд, мумкин аст, иҷозаи бистарӣ шуданро ба онҳо надиҳанд.

Ба рӯзноманигорон гуфтаанд, ки талаботи навро ҳукумати Туркманистон ҷорӣ кардааст.

Ба маҳзи сари қудрат омадани Сардор Бердимуҳаммадов дар моҳи марти соли ҷорӣ назорати рафтор ва зоҳири сокинон, аз ҷумла либоспӯшии занони он кишвар шиддат гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.