Вазорати маорифи халқии Узбекистон дастурамали баргузории маросими хатми мактаб - "Занги охир"-ро таҳия кардааст.
Вазорат ин дастурамалро ба ҳамаи мактабҳои миёнаи Узбекистон ирсол кардааст. Бино ба дастурамал, чорабинӣ дар саҳни мактаб баргузор ва бегонагон ба ҳудуди мактаб роҳ дода намешаванд.
"Занги охир" аз соати 8:00 то 8:45 дақиқа давом мекунад. Дар маросим ба хонандагони пешсаф сипосномаҳо тақдим мегардад.
"Хотиррасон мекунем, ки дар ин маросим ҷамъоварии маблағ аз хонандагон қатъиян манъ аст", - хабар додааст вазорати маорифи халқии Узбекистон. Ҳамчунин аз хонандагон даъват шудааст, ки аз таҷлили ин маросим дар тарабхонаҳо даст кашанд.
Дар Тоҷикистон ҳам маросими "Занги охир" чандин сол пеш танзим шуда, он ҳудуди 45 дақиқа баргузор мешавад. Пештар дар Тоҷикистон ин маросим бо дабдабаи зиёде баргузор мешуд ва хонандагон ба мактаб бо мошинҳои гаронарзиши хориҷӣ ҳозир мешуданд ва пас аз он маҳфилҳои пурхароҷоти фароғатӣ доир мешуд.
“Мавҷи Истиқлол”: “Каналҳои телевизионӣ бо сабаби ноқисии сартосарӣ дар Русия аз кор монданд”
ММТ даври дуюми ҳуҷҷатсупорӣ ба имтиҳонҳоро эълон кард
Қазоқистон содироти маҳсулоти нафтиро бо автомобил манъ мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсире хоҳад дошт?
Шаббос Негматуллоев ба медали биринҷии аввалин мусобиқаи Ҷоми Элорда соҳиб шуд
Ҳамаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъвати нишаст дар Қирғизистонро пазируфтанд
Тоҷикистон ҳоло ҳам ба қарзи имтиёзноки ХБА умедвор аст
Се медали гуштингирони навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё
Дар як сохтмони Маскав беш аз 60 нафар муҳоҷирон ҷанҷолу занозанӣ карданд
Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон баргузор мешавад
Ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои Шавкат Мирзиёев барои эътидоли вазъ дар Қароқалпоқистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста