Дар деҳаи Телмани ноҳияи Қара-Сууии вилояти Ӯши Қирғизистон нақби махфие пайдо карданд, ки Қирғизистонро бо Узбекистон мепайвандад.

Ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, нақб дар умқи 15 метр ва дар фосилаи 40 метр аз марз ҷойгир аст. Дарозии нақб 270 метрро ташкил медиҳад.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, соҳиби замине, ки нақб дар ҳудуди он пайдо шудааст, айни замон дар беморхонаи касалиҳои руҳӣ табобат мегирад.

Дар марзи Қирғизистон бо Узбекистон 15 гузаргоҳ амал мекунад. Дарозии марзи ду кишвар 1378 км аст, ки 85 дарсади он ва ё 1170 км муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.