Сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон соли оянда шуруъ мешавад. Дар ин бора Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон рӯзи 8 июн хабар дод.
Вай гуфт, ки айни замон асосноксозии иқтисодиву техникии лоиҳа идома дорад.
"Дар сурате, ки агар асосноксозӣ тирамоҳ ба анҷом расад, сохтмон соли оянда шуруъ мешавад. Ин роҳ дар давоми 3-4 сол сохта хоҳад шуд, агар се кишвар дар якҷоягӣ кор кунанд. Даромад аз ин роҳ на камтар аз 200 млн доллар хоҳад буд", - гуфт Ҷабборов.
Пештар аз ин раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов гуфта буд, ки сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон тирамоҳи соли 2022 оғоз мешавад.
Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон низ гуфта буд, ки дар фурсатҳои наздик сохтмони роҳи оҳан оғоз мегардад.
Ташаббуси сохтмони роҳи оҳани мазкур ҳанӯз солҳои 2000 рӯи даст гирифта шуда буд. Аммо то ин замон ин тарҳ ба марҳилаи иҷро надаромадааст.
Марги як нафар дар пайи сӯхтори мошини бензинкаш
Теъдоди рекордии мусофирон дар аввалин қатораи Кӯлоб-Волгоград
Семён Григорев - сафири нави Русия дар Тоҷикистон
Нигаронии Русия дар мавриди ба Украина интиқол ёфтани чархболҳои аз Афғонистон рабудашуда
Тоҷирони Хатлон ва Сурхондарё ба маблағи 26,6 млн доллар созишномаҳо имзо карданд
Шумори қурбониёни таркиш дар бозори Ереван ба 16 нафар расид
Аз ҳисоби “андоз аз Google” Тоҷикистон аллакай беш аз 3,5 млн сомонӣ гирифт
Дар Ӯзбекистон нусхаи дастнависи Қуръони каримро дуздиданд
Дар Конибодом наворбардории силсилафилми “Хона” ҷараён дорад
Ҳалокати модару 2 кӯдакаш бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Душанбе - Ҳисор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста