Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон раисҷумҳури Туркия бо раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон, Путин аз иқдомоти Мирзиёев барои ба эътидол овардани вазъ дар Қароқалпоқистон ҳимоят кард.
Гуфта мешавад, ки ҳамчунин оид ба масъалаҳои минтақавӣ табодули афкор сурат гирифта, ҷадвали чорабиниҳои дарпешистода, аз ҷумла дар доираи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Самарқанд баррасӣ шуд.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон низ зимни сӯҳбати телефонӣ бо Шавкат Мирзиёев аз талошҳои ӯ барои тазмини сулҳу субот ва рушди устувор дар Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон ҳимояти қотеъона эълом кард.

Тарафҳо дар мавриди нишасти Созмони кишварҳои турк, ки ноябри 2022 дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, табодули назар карданд.
Сарони кишварҳо ҳамдигарро ба муносибати фарорасии Иди Қурбон табрик гуфтанд.
Ёдрас мекунем, ки қаблан аз талошҳои президенти Ӯзбекистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар Қароқалпоқистон сарони дигар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон низ ҳимоят карда буданд.
“The Independent”: Маҳдӣ Муҷоҳид дар Эрон боздошт ва ба Толибон* супорида шуд
Ҷашнвораи 15-уми "Боми ҷаҳон" ба Хоруғ бармегардад
Тоҷикистон ягона кишвари пасошӯравӣ миёни камбизоаттаринҳо аз рӯи ҳаҷми ММД ба сари аҳолӣ аст
Дучархаи ба хотири қатли сайёҳон гузошта куҷо шуд? Шарҳи раҳбарияти ноҳияи Данғара
Таркиш дар масҷиди Кобул дастикам 40 кушта бар ҷой гузошт
Чин хостори густариши равобит бо Толибон* шуд
Шаҳрвандони Тоҷикистон барои одамрабоӣ дар Дубай маҳкум шуданд
Сафири ИМА дар Хоруғ чӣ кор мекард ва чӣ гуна Амрико ба ВМКБ кумак мекунад?
Медали биринҷии ҷудокорони тоҷик дар ҳисоби даставӣ дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ
Маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Шевченкои Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста